Пайвандҳои дастрасӣ

Фаронса хостори тақвияти мубориза бо террор шуд


Бернар Казенев

Бернар Казенев

Фаронса аз дигар кишварҳои аврупоӣ даъвт кард, ки баъд аз ҳамлаҳои ахир ба Порис муқовимат бо таҳдиди терористиро тақвият бубахшанд. Дар ҳамлаҳои шоми рӯзи 13 ноябр ба пойтахти Фаронса 129 нафар кушта шуданд.

Бернар Казенев, вазири умури дохилаи Фаронса, рӯзи 19 ноябр гуфт, ки Аврупо бояд аз хоби ғафлат бархезад ва худро аз таҳдиди террористӣ дифоъ кунад. Изҳороти ӯ баъд аз он нашр шуд, ки хабари дар амалиёти Сен-Денӣ кушта шудани Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи эҳтимолии ҳамлаҳои террористӣ дар Порис, тасдиқ гардид.

Казенев афзуд, ки Фаронса аз дигар кившарҳои аврупоӣ дар бораи вориди қора шудани ин террорист иттилоъ нагирифтааст.

Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, рӯзи 20 ноябр изҳор намуд, бархе аз омилони ҳамлаҳо ба Порис аз бӯҳрони муҳоҷират дар Аврупо истифода бурда, номаълум вориди ин қора шудаанд.

Изҳороти мақомоти Фаронса дар ҳоле пахш шуд, ки қарор аст рӯзи ҷумъа вазирони адлияи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел як гуфтушуниди фаврӣ анҷом диҳанд.

XS
SM
MD
LG