Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон бо як дидори расмӣ вориди Остона, пойтахти Қазоқистон шуд.

Дар назар аст, ҷаноби Ғанӣ дар ҷараёни ин дидор бо Нурсултон Назарбоев ва Карим Масимов, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Қазоқистон мулоқот кунад.

Ба гуфтаи Даврон Абаев, сухангӯйи раиси ҷумҳури Қазоқистон, амнияти минтақа ва вазъият дар Афғонистон аз мавзӯъоти калидӣ дар ин дидор маҳсуб хоҳад шуд.

Ҳамчунин, ҷонибҳо тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ин ду кишвар ва ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои манобеъи расмии Қазоқистон, гардиши мол миёни Қазоқистон ва Афғонистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ болиғ ба 200 миллион доллар будааст.

Тибқи иттилои Вазорати хориҷаи Қазоқистон, ин кишвар ба Афғонистон ба унвони кумаки башардӯстона ба миқдори беш аз 20 ҳазор тонна маводи ғизоӣ фиристода, ҳудуди 1000 тан аз ҷавонони афғон дар донишгоҳҳои Қазоқистон ба таври ройгон омӯзиш мебинанд.

Дар назар аст, дар ҷараёни дидори Ашраф Ғанӣ аз Қазоқистон миёни ин ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ имзо шуда ва дар шаҳри Остона ҳамоиши соҳибкорони қазоқу афғон баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG