Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон боз заминларза рух дод


Имрӯз, 20 ноябр соати 10.46-и вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Қирғизистон зилзила рух додааст.

Бино ба иттилои Идораи зилзиласанҷии Қирғизистон, маркази зилзила дар ҳудуди вилояти Ӯш, дар 30 километрии ҷанубу шарқи маркази ин вилоят ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои ин манбаъ, неруи зилзила дар шаҳри Ӯш 5 дараҷаи Рихтер ва дар деҳаҳои атрофи он 6-6,5 дараҷаро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ин чаҳорумин зилзила дар 3 рӯзи ахир ба ҳисоб рафта, дар рӯзи 17 ноябр неруи зилзила дар вилояти Ӯш 5-6 дараҷа буд.

Бино ба гузориши Вазорати вазъияти фавқулоддаи Қирғизистон, бар асари ин зилзила дар вилояти Ӯш 390 манзили маскунӣ ва 33 муассисаҳои иҷтимоъӣ осеб дидаанд.

XS
SM
MD
LG