Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли як маъмури пулис дар Бишкек


Дар яке аз қисматҳои шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, афроди номаълум корманди милисаро ба зарби тир ба қатл расонда ва аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки милисаи кушташуда лейтенанти хурд Актилек Абдувалиев будааст. Ҳоло кормандони ниҳодҳои интизомии Қирғизистон ҷузъиёти қатли корманди милисаро баррасӣ карда, барои дастгир кардани ҳамлагарон тадобири зарурӣ андешидаанд. Тибқи иттилои пешакӣ, лейтенанти хурд Абдувалиев ду мардро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояшон нигоҳ медорад ва аммо онҳо муқовимат карда, ба сӯи корманди милиса тирандозӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG