Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти садҳо муҳоҷир дар вилояти Маскав


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар ҷараёни амалиёти «Нелегальный мигрант- 2015» дар вилояти Маскави Русия беш аз 400 нафар, аксар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт шудаанд. Бино ба гузоришҳо, дар ҷараёни ин амалиёт аз ҷумла 130 нафар дар Балашиха, 131 нафар дар Воскресенск, 23 тан дар Домодедово ва 22 нафар дар ноҳияи Чехови вилояти Маскав дастгир шудаанд.

Ҳадаф аз ин тафтишу боздоштҳо ошкор кардани муҳоҷиронест, ки дар вилояти Маскав ғайриқонунӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Аммо аз 131 нафаре, ки дар Воскресенск дастгир шуданд, танҳо алайҳи 6 нафар протоколи маъмурӣ тартиб дода, асноди бақия ҷавобгӯи қонунҳои муҳоҷирати Русия эътироф кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти пулис ва ФМС, дар маҷмӯъ дар ҷараёни ин амалиёти густарда тафтиши тақрибан 1500 иншооти мухталиф, аз ҷумла сохтмонҳову бозорҳо – маҳалҳои асосии кори муҳоҷирони хориҷӣ – дар ҳудуди вилояти Маскав дар назар дошта шудааст.

XS
SM
MD
LG