Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷлиси миллии Фаронса рӯзи 19 ноябр вазъи фавқулоддаро дар кишвар то се моҳи дигар тамдид кард. Вазъи фавқулодда дар Фаронса ба думболи ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ҷорӣ шуд, ки дар онҳо 129 нафар кушта ва беш аз 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳамчунин бо дастури комиссариатҳои полис, кормандони ҳифзи тартибот ҳақ пайдо карданд, ки берун аз хизмат ҳам бо худ силоҳ дошта бошанд ва дар сурати ҳамлаи террористӣ аз он истифода баранд.

Қабл аз раъйдиҳӣ дар парлумон оид ба тамдиди вазъи фавқулодда Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, аз имкони истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар кишвар аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ки мо набояд ягон чизро сарфи назар кунем.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони фаронсавӣ талоши шиносоии ду ҷасадеро доранд, ки як рӯз пеш баъд аз дар амалиёти вижа дар як манзили шаҳри Сен-Дении канори Порис ошкор карда шуданд. Ҳадафи асосии амалиёт – боздошт ё нобудсозии Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи эҳтимолии ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр дар Порис буд. Дар ҷараёни амалиёт дар Сен-Денӣ 8 нафар боздошт шуданд, аммо миёни онҳо Абдулҳамид Абеуд нест, гуфтанд мақомоти полис.

Додситони Порис Франсуа Молен изҳор намуд, ки дар бораи теъдоди кушташудагон ва кӣ будани онҳо алҳол иттилое зери даст нест. Ба гуфтаи ӯ дар амалиёт дасти кам ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Яке аз онҳо занест, ки ҳангоми ҳамлаи полис худро тарконидааст. Хабаргузории Рейтер ҳадс задааст, ки ин зан – шояд хоҳарзодаи Абдулҳамин Абеуд бошад.

Франсуа Молен ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёт дар Сен-Денӣ аз ҳадди аққал як амали бузурги террористӣ ҷилавгирӣ кард – қаблан расонаҳо дар бораи имкони ҳамлаи террористон ба маҳаллаи Дефанси Порис хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG