Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши истихроҷи тило дар конҳои Ховалинг


Аз ҳукумати ноҳияи Ховалинг ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки имсол дар корхонаҳои заршӯии ҷамоати деҳоти "Шугнов" назар ба соли гузашта 9, 7 дарсад бештар тило истихроҷ шудааст. Аммо дар Тоҷикистон нашри маълумот дар бораи ҳаҷми тавлиди фулузоти қиматбаҳо манъ шудааст ва мақомот маъмулан танҳо бо гуфтани дарсади рушди ин соҳа иктифо мекунанд.

Ҳабибулло Ҳикматуллоев, роҳбари бахши иқтисоди ҳукумати Ховалинг гуфт, дар ҷамоати деҳоти "Шугнов” 7 корхонаи заршӯӣ - "Абдулазиз", "Исроил 11", "Одина", "Союз-зар ", "Помир" ва "Гули мурод" фаъолият мекунанд. Ӯ афзкд, ин корхонаҳо тиллоро баъди истихроҷ барои коркард ба Душанбе мебаранд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон қаблан иттилоъ дода буд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар муқоиса ба шаш моҳи аввали соли 2014 ду баробар зиёд шудааст. Тибқи иттилои расмӣ, дар шаш моҳи соли 2014 дар Тоҷикистон 1 141, 1 килло тилло истеҳсол шуда буд.

XS
SM
MD
LG