Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане дар Узбакистон фарзандҳояшро бо корд зад


Дар деҳаи Гойбуи вилояти Хоразми Ӯзбекистон Дилфӯза Худойбергановаи 30-сола ду фарзанди худро бо корд задааст. Ба иттилои Радио Озодлик (бахши узбакии Радиои Озодӣ), ин фоҷиа шоми 15 ноябр рух дода ва фақат баъди се рӯз расонаӣ шуд.

Ба иттилои ин расона, духтарчаи 7-сола Шаҳло аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 10-сола Бозорбой бо ҷароҳатҳои сангин дар бемористон бистарист.

Дар ҷараёни таҳқиқот ин зан изҳор дошт, ки ба далели мушкилоти молӣ дар зиндагӣ ба ин кор даст задааст. Дилфӯза Худойберганова фарроши мактаби деҳа буд. Шавҳараш дар ҳамин мактаб посбон будааст.

Раҳбарони мактаб изҳор доштанд, ки зану шавҳар сари вақт маошашонро мегирифтанду ҳаргиз аз мушкилоти худ шикоят надоштанд. Ҳамчунин зикр мешавад, ки ин зан мушкили рӯҳӣ ҳам надоштааст.

XS
SM
MD
LG