Пайвандҳои дастрасӣ

Башор Асад ба ин зудӣ ба истеъфо намеравад


Башор Асад

Башор Асад

Раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад изҳор дошт, ки истеъфояш то замони пирӯзӣ бар гурӯҳи "Давлати исломӣ" имконнопазир аст. Дар ин бора сомонаи lenta.ru. рӯзи 19 ноябр хабар дод.

Башор Асад давраи гузаришро дар сурати ғалаба бар террористон Асад 1,5-2 сол унвон карда, ҳамзамон эҳтимоли ширкати худро дар интихоботи президентӣ ҳам аз воқеият дур намедонад.

"Дар ин масъала ҳеҷ хатти сурхи манъкунандае вуҷуд надорад. Агар маро суриягиҳо раиси ҷумҳур интихоб кунанд, онҳоро ояндаи некедар интизор аст", - гуфт Асад.

Дар аввали моҳи октябр президенти Сурия изҳор дошта буд, ки агар истеъфояш ба ҳалли бӯҳрон кӯмак кунад, ӯ ин корро ба таъхир намегузорад.

XS
SM
MD
LG