Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳушдори Веллс аз ҳамлаи кимиёвӣ дар Фаронса


Мануэл Валлс

Мануэл Валлс

Мануэл Веллс, нахуствазири Фаронса, аз имкони истифодаи силоҳи кимиёвӣ ё биологӣ дар кишвар аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ ҳушдор дод. Ӯ дар суханронӣ дар парлумони Фаронса рӯзи 19 ноябр, қабл аз раъйдиҳӣ дар мавриди то се моҳи дигар тамдид кардани вазъи фавқулодда дар кишвар гуфт, ки "мо набояд ягон чизро сарфи назар кунем". Вазъи фавқулодда дар Фаронса ба думболи ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ҷорӣ шуд, ки дар онҳо 129 нафар кушта ва беш аз 350 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ҳамин ҳол мутахассисони фаронсавӣ талоши шиносоии ду ҷасадеро доранд, ки як рӯз пеш баъд аз дар амалиёти вижа дар як манзили шаҳри Сен-Дении канори Порис ошкор карда шуданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 19 ноябр хабар доданд.

Ҳадафи асосии амалиёт – боздошт ё нобудсозии Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи эҳтимолии ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр дар Порис буд. Дар ҷараёни амалиёт дар Сен-Денӣ 8 нафар боздошт шуданд, аммо миёни онҳо Абдулҳамид Абеуд нест, гуфтанд мақомоти полис.

Қаблан нашрияи The Washington Post бо такя ба манбаъҳои расмӣ дар полиси Фаронса хабар дод, ки Абеуд дар Сен-Денӣ кушта шудааст. Аммо додситони Порис Франсуа Молен ин хабарро тасдиқ накард ва гуфт, ки дар бораи теъдоди кушташудагон ва кӣ будани онҳо алҳол иттилое зери даст нест. Ба гуфтаи ӯ дар амалиёт дасти кам ду нафар ба ҳалокат расидаанд. Яке аз онҳо занест, ки ҳангоми ҳамлаи полис худро тарконидааст. Хабаргузории Рейтер ҳадс задааст, ки ин зан – шояд хоҳарзодаи Абдулҳамин Абеуд бошад.

Франсуа Молен ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёт дар Сен-Денӣ аз ҳадди аққал як амали бузурги террористӣ ҷилавгирӣ кард – қаблан расонаҳо дар бораи имкони ҳамлаи террористон ба маҳаллаи Дефанси Порис хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG