Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар мавзеи Деҳмой, дар шимоли Тоҷикистон корҳо барои безарар кардани бузургтарин партовгоҳи маводи заҳрогини радиоактив дар Осиёи Марказӣ шурӯъ шудааст.

Дар 80 гектар майдони Деҳмой, дар шимоли Тоҷикистон, бештар аз 36 миллион тонна маъдани коркардшудаи уран хобидааст ва барои зери хок кардани он даҳ мошини боркаш ва дигар техникаҳои вазнин сафарбар шудаанд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, азбаски партовгоҳ солҳои дароз ба таври муносиб нигаҳдорӣ намешуд, хатари олуда шудани муҳити атроф аз он ва ҳамин гуна хатар ба сиҳатии мардуми минтақа зиёдтар шудааст.

Мақомоти вилояти Суғд мехоҳанд, болои партовгоҳ, ки моддаҳои ангезандаи бемории саратон дорад, бо баландии як метр хок пӯшонда шавад. Дар сурати ба ҳоли худаш гузоштани партовгоҳ имкон дорад, дар сурати боридани борони зиёд, оби олуда аз инҷо ба рӯдхонаи Сир ҷорӣ шавад, ки аз он миллионҳо нафар аз сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ об мехӯранд. Дар сурати вазидани боди шадид низ мумкин аст, ҳавои атроф бо моддаҳои хатарнок барои сиҳатии инсон олуда шавад.

Дар вилояти Суғди Тоҷикистон, ки дар аҳди Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин минтақа уран истихроҷ мешуд, 10 партовгоҳи ҳастаӣ ба мерос мондааст ва дар онҳо 55 миллион тонна партовҳои дорои моддаҳои радиоактив нигаҳдорӣ мешаванд. Деҳмой яке аз бузургтарини онҳост ва ба гуфтаи мақомот баъди хокпӯш карданаш, дар атрофи он девори 2 метрии бетонӣ бунёд хоҳад шуд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG