Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон ба ситоди полиси Арғандоб ҳамла карданд


Бар асари ҳамлаи толибон ба як ситоди полис дар вилояти Қандаҳор, воқеъ дар ҷануби Афғонистон, як сарбоз кушта ва шаш нафари дигар захмӣ шуданд. Се нафар аз маҷрӯҳон афсарони полис ва се нафари дигар сокинони осоиштаанд.

Самим Хполвак, сухангӯи волии вилоят ба Радиои Афғонистони Озод гуфт, ки ин ҳамла рӯзи 19 ноябр дар волусволии Арғандоб рӯй додааст.

Дар тирандозӣ панҷ нафар аз ҳамлагарон ҳам кушта шудаанд.

Намояндаи полиси Қандаҳор Зиё Дурронӣ гуфт, ки яке аз ҳамлагарон мошини ҳомили маводи таркандаро инфиҷор кард ва чаҳор нафари дигар талоши вуруд ба бинои ситодро карданд ва ба муқовимати шадид рӯбарӯ шуданд.

Масъулияти ҳамларо толибон ба зимма гирифтанд.

Нерӯҳои ҳукумати Афғонистон баъд аз хурӯҷи бахши аъзами низомиёни хориҷӣ аз кишвар талош доранд, ки ба ҳамлаҳои толибон посухи сазовор диҳанд.

XS
SM
MD
LG