Пайвандҳои дастрасӣ

Мутахассисони фаронсавӣ талоши шиносоии ду ҷасадеро доранд, ки як рӯз пеш баъд аз дар амалиёти вижа дар як манзили шаҳри Сен-Дении канори Порис ошкор карда шуданд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 19 ноябр хабар доданд.

Ҳадафи асосии амалиёт – боздошт ё нобудсозии Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи эҳтимолии ҳамлаҳои террористии шоми 13 ноябр дар Порис буд, ки дар онҳо 129 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 300 нафар ҷароҳат бардоштаанд, Дар амалиёти полиси зиддитеррор дар Сен-Денӣ 8 нафар боздошт шуданд, аммо миёни онҳо Абдулҳамид Абеуд нест, гуфтанд мақомоти полис.

Қаблан нашрияи The Washington Post бо такя ба манбаъҳои расмӣ дар полиси Фаронса хабар дод, ки Абеуд дар амалиёт кушта шудааст. Аммо додситони Порис Франсуа Молен ин хабарро тасдиқ накард ва гуфт, ки дар бораи теъдоди кушташудагон ва кӣ будани онҳо алҳол иттилое зери даст нест. Ба гуфтаи ӯ дар амалиёт дасти кам ду нафар ба ҳалокат раисдаанд. Яке аз онҳо занест, ки ҳангоми ҳамлаи полис худро тарконидааст. Хабаргузории Рейтер ҳадс задааст, ки ин зан – шояд хоҳарзодаи Абдулҳамин Абеуд бошад.

Франсуа Молен ба хабарнигорон гуфт, ки амалиёт дар Сен-Денӣ аз ҳадди аққал як амали бузурги террористӣ ҷилавгирӣ кард – қаблан расонаҳо дар бораи имкони ҳамлаи террористон ба маҳаллаи Дефанси Порис хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG