Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ситезаҷӯён таҳдиди ҳамла ба Ню-Йоркро карданд


Билл дн Бласио
Билл дн Бласио

Мақомоти шаҳри Ню-Йорк баъд аз нашри як навори видеоии гурӯҳи “Давлати исломӣ” талош карданд, ки мардумро ором кунанд.

Мири Ню-Йорк Билл де Бласио ва комиссари полис Уилям Бэттон рӯзи 18 ноябр ба хабарнигорон гуфтанд, ки дар навор ягон таҳдиди мушаххас ва эҳтимолӣ ба ин шаҳри бузурги Амрико мавҷуд нест. Де Бласио аз мардуми Ню-Йорк хост, ки ба зиндагии ҳамарӯзаи худ идома диҳанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи чаҳоршанбе навореро нашр кард, ки баъзеҳо онро ҳушдор дар бораи таҳияи ҳамлаи террористӣ ба Ню-Йорк арзёбӣ карданд.

Бахши аъзами навори шашдақиқагӣ ба Фаронса бахшида шудааст. Дар навор дар пасманзари нишасти хабарии раисиҷумҳур Франсуа Ҳолланд баъд аз ҳамлаҳои террористӣ дар Порис, таркиши бомб садо медиҳад ва ситезаҷӯён савганд мехӯранд, ки ҳамлаҳо ба кишварҳои ғарбиро идома медиҳанд. Дар навори видеоӣ ҳамчунин аксҳои мавзеъҳои маъруфи Ню-Йорк — Таймс-сквер, Ҳералд-сквер, Манҳеттен ҳамроҳ бо акси маргталабе оварда шудааст, ки дар ҳоли тарконидани норинҷак аст.

Аз ин пеш дар интернет видеое нашр шуда буд, ки дар он ситезаҷӯён ба Вошингтон таҳдиди ҳамлаи террористӣ карда буданд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” масъулияти ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр дар Порисро бар ӯҳда гирифт – дар он ҳамлаҳо 129 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG