Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорон аз ҳаққи харидории манзил дар хориҷа маҳрум шуданд


​Бино ба тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни "Хидмати давлатӣ" ворид шуд, аз ин ба баъд мансабдорони тоҷик ҳаққи боз кардани суратҳисоб, ҳифзи дороӣ ва харидории манзил дар хориҷаро надоранд.

Тасвиби чанд тағйиру илова ба қонуни "Хидмати давлатӣ", ки яке аз муллифонаш Қаҳҳор Маҳкамов -- раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон ва узви доимии Маҷлиси Миллӣ мебошад, мансабдорони тоҷикро аз доштани ҳисобҳои бонкӣ, ҳифзи дороиҳо ва, ҳамин тавр, харидани манзил дар хориҷа маҳрум кард. Ин тағйиру иловаҳо дар ҷаласаи рӯзи 18 ноябри Маҷлиси Намояндагон аз сӯи Ҷумъа Давлатов, раиси Оҷонсии хидмати давлатии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ ва бидуни мухолифати зиёди вакилон пазируфта шуд. Ӯ гуфт, ҳадаф аз иловаҳо ин аст, ки "маблағҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ нараванд".

Бар асоси ин тағйироти нав, дар ҳоле ки хидматчии давлатӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон суртаҳисоби бонкӣ ва пасандоз дошта бошад ва ё пулу воситаҳои қиматбаҳои нақдӣ ва молиявии хориҷиро нигоҳ дорад, аз вазифааш барканор хоҳад шуд. Дар баробари ин, ба хотири ба вуҷуд наомадани бархӯрди манфиатҳо мансабдорон ҳақ нахоҳанд дошт, ки узви Шӯрои саҳомон ва ё директорони ширкатҳои саҳомӣ низ бошанд.

Намояндагони мардумӣ гуфтанд, ки ин иловаҳо ба қонуни "Хидмати давлатӣ" боз чандин маҳдудиятҳои дигарро дар фаъолияти мансабдорони тоҷик ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, бар асоси ин иловаҳо барои хидматчиёни давлатӣ иштирок дар маросими ғайрихонаводагӣ ва муаррифии онҳо чун мансабдор дар ин маъракаҳо манъ будааст.

Бар иловаи маҳдудиятҳои боло хидматчиёни давлатӣ ҳаққи гирифтани тӯҳфаҳои пуливу молӣ, қарз, пардохти вақтхушӣ, истироҳат ва хароҷоти нақлиётиро нахоҳанд дошт. Онҳо ҳамчунин иҷозат надоранд, ки аз ҳисоби маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба хориҷ аз Тоҷикистон сафар намоянд. Туҳфаҳоеро, ки мақомдорҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои расмӣ, сафарҳои хидматӣ ба мақомдорҳо дарёфт мекунанд, бояд ба давлат супурда шаванд.

Ҳеч мақомдоре дар Тоҷикистон то ҳол вуҷуди ҳисоби бонкиашро дар кишварҳои хориҷ ошкор накардааст. Ба фарқ аз давлатҳои дигар, ки ҳамасола мансабдорон эъломияи дороиҳои худро ба ҷомеа ошкор мекунанд, дар Тоҷикистон Кумитаи андоз ба далели "хусусӣ" будани эъломияи мақомдор ҳеч гоҳ дориҳои онҳоро ошкор намекунад. Аз ин рӯ, пулдории мақомдорҳои тоҷик дар сатҳи шоеа ё овозаҳо боқӣ мондааст.

Бархе аз таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоте, ки ҳоло кишвар бо он рӯбарӯст, ба хотири ҳифзи арзи дохилӣ ва ҷилавгирӣ аз пулшӯӣ, мақомот маҷбур шудаанд, чунин маҳдудиятҳоро пешниҳод кунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон 18 ҳазору 582 хидматчии давлатӣ сабт шудаанд, ки аз ин шумора 4 ҳазору 414 нафарашро зан ва 7 ҳазору 968 нафари дигарро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Маоши онҳо ба собиқаи кори хидмати давлатӣ ва категорияи корашон вобаста буда, ба ҳисоби миёна 1065 сомонӣ аст. Ва борҳо ин суол аз раҳбарони идораҳои давлатӣ пурсида шудааст, ки мансабдорони тоҷик бо тақрибан 200 ва вазирони тоҷик бо ҳудуди 500 доллар маош чӣ гуна соҳиби манзилҳои боҳашамат ва мошинҳои гаронбаҳо шудаанд? Бархе аз онҳо гуфтаанд, ки ба хидматчиёни давлатӣ ин мошину хонаҳоро хешовандони наздики тоҷир ё муҳоҷирашон ҳадя кардаанд.

Манъи нигаҳдории пули мансабдорони тоҷик дар бонкҳои хориҷӣ дар ҳоле қонунӣ шуд, ки дар Тоҷикистон чанд ширкати маъмули оффшорие бо муввафақият кор мекунанд, ки моликони аслияшон маълум нест. Аз ҷумла, ширкати нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқ – IRS ва ширкати Талко-Менеҷмент, ки аз коршарикони муҳими корхонаи тавлиди алюминиюм - Талко аст.

Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон шумори ширкатҳои оффшорӣ ва моликони аслӣ ва маблағҳои аз Тоҷикистон ба ин қабил минтақаҳо ирсолшударо аз матубот пинҳон медоранд, аммо охири соли 2013 Маркази таҳқиқотии Tax Justice Network сармояҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои оффшорро аз 2,5 то 3,5 миллиард доллар баровард карда буд.

XS
SM
MD
LG