Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Блогнависро ба 5 соли зиндон маҳкум карданд


Додгоҳи шаҳри Риддери вилояти Қазоқистони Шарқӣ шоми рӯзи 18 ноябр блогнавис Игор Сичёвро бо иттиҳоми даъват ба ҷудоихоҳӣ ба панҷ соли маҳбас маҳкум кард.

Игор Сичёв, сокиши шаҳри Риддер ва масъули яке аз саҳифаҳо дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте”-и Русия, баҳори соли равон дар саҳифааш овоздиҳиеро ҷой дод, ки дар он даъват шудааст барои ба ҳайати Русия вуруд шудан ё нашудани шаҳри Риддер раъй диҳанд.

Додситон бо ишора ба ҳаводиси Украина ва ба Русия замима шудани нимҷазираи Қрим гуфт, раъйдиҳии блогнавис метавонад боиси афзоиши афкори ҷудоиталабӣ дар минтақае шавад, ки он ҷо асосан русҳо ба сар мебаранд.

Игор Сичёв иттиҳомро рад кардааст. Вакили дифои ӯ Игор Шигрин гуфт, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба Додгоҳи таҷдиди назар шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG