Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Людомирский ба 9 соли маҳбас маҳкум шуд


Донишманди бахши физика Максим Людомирский аз сӯи додгоҳи шаҳри Маскав ба нӯҳ соли маҳбаси низомаш шадид маҳкум шуд. Ӯ соли гузашта бо иттиҳоми хиёнат ба давлат дастгир шуда буд ва муҳлати боздошташ ҳадди аққал ду бор тамдид карда шуд. Хабаргузории Интерфакс менависад, ки мурофиаи додгоҳии физики маъруф пушти дарҳои баста сурат гирифт, зеро ба парвандаи ӯ муҳри “комилан махфӣ” зада шудааст.

Максим Людомирский сармуҳандис ва яке аз соҳибони маҷмааи илмиву истеҳсолии "Электрооптика" буд, ки тавлидоташ дар истеҳсоли силоҳи навтарин истифода мешавад.

Соли равон боз се нафари дигар, аз ҷумла, яке аз раҳбарони пешини Пажуҳишгоҳи марказии илмиву истеҳсолии мошинсозӣ Владимир Лапигин бо иттиоҳми хиёнат ба давлат боздошт шуданд. Лапигин аз 10 ноябр дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Имсол бо бо иттиҳоми ҷосусӣ корманди собиқи раёсати умури дохилаи вилояти Маскав Евгений Чистов ба 13 сол ва Виктор Шур ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд.

XS
SM
MD
LG