Пайвандҳои дастрасӣ

Назарбоев қонуни хидмати давлатиро рад кард


Раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев тарҳи қонун "Дар бораи хидмати давлатӣ"-ро рад кард.

Дар ҷаласаи васеи ҳукумат дар Остона Назарбоев гуфт, ки тарҳи қонунро ба порлумон бармегардонад ва хоҳиш мекунад, ки пешниҳодҳои ӯро барои тағйири ин қонун баррасӣ кунанд.

"Бояд дар мавриди бознишаста шудани кормандони давлатӣ ҳангоми расидан ба синну соли қонунии бознишастагӣ мавқеи дақиқ маълум шавад. Бас аст, ки 25 сол ҳамаро дар ҷои корӣ нигаҳ медоштанду сипас хоҳиш мекарданд, ки бояд раванд. Мӯҳлати дақиқи бознишаста шудани ҳар як нафар муқаррар шудааст... Ҳоло ҳеҷ кас ба нафақа рафтан намехоҳад", - гуфт Назарбоев, вале дақиқ накард, ки кадоме аз мақомотро дар назар дорад.

Тарҳи қонуни хидмати давлатӣ аз сӯйи порлумон 22 октябр тасвиб шуда буд. Дар он низоми нави интихоби шаҳрвандон барои кор дар мақомҳои давлативу маъмурӣ роҳандозӣ шудааст. Довталабон ба вазифаҳои давлативу маъмурӣ тибқи ин тарҳ бояд аз санҷиш гузашта, хулосаи ниҳодҳои марбутро дарёфт ва дар озмун ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG