Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 32 нафар дар таркиш дар Нигерия


Як маргталаб худро дар истгоҳи мошинҳои боркаш дар аёлати Адамава, воқеъ дар шимолу шарқи Нигерия тарконд. Дар ин ҳодиса, ки рӯзи 17 ноябр рӯй дод, 32 нафар куштаву 80 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Мақомоти Нигерия ангушти иттиҳом сӯи гурӯҳи Боко Ҳаром карданд.

Таркиши маргталабона дар Нигерия - нахустин ҳамла дар се ҳафтаи ахир баъд аз силсилаи ҳамлаҳои пурқурбонӣ дар Нигерия буд – дар ду таркиш дар масоҷид рӯзи 23 октябр 42 кас ҷон бохта, беш аз сад тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд.

Усмон Абубакр, намояндаи полиси аёлати Адамава, гуфт, бештари қурбониёни таркиши маргталабона дар истгоҳи мошинҳои боркаш – фурӯшандаҳо ва раҳгузарҳо буданд. Саъд Белло аз идораи вазъи изтирории кишвар гуфт, ки маҷрӯҳон ба бемористонҳои вилоят интиқол ёфтанд.

Таркиш чанд рӯз баъд аз он рӯй дод, ки раисиҷумҳури Нигерия Муҳаммад Буҳорӣ аз боқӣ мондани рӯзҳои башумор то шикасти пурраи гурӯҳи “Боко Ҳаром” хабар дода буд. Нерӯҳои мусаллаҳи Нигерия дар бораи ҷилавгирӣ аз чанд ҳамлаи маргталабона хабар дода, изҳор намуданд, ки бар асари амалиёти заминиву зарбаҳо аз ҳаво қароргоҳҳои Боко Ҳаром хароб гашта, худи ситезаҷӯён кушта шуданд ваё асир уфтоданд. Дар шаш соли набардҳои гурӯҳи Боко Ҳаром барои таъсиси давлати исломӣ дар Нигерия тақрибан 20 ҳазор нафар кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG