Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтисоси 2 млрд сомонӣ аз будҷа барои "Роғун"


Тоҷикистон барои бунёди нерӯгоҳи Роғун дар будҷаи соли оянда 2 миллиард сомонӣ маблағ ихтисос додааст. Як мақоми вазорати молияи Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт, ки қарор аст соли оянда барои тарҳи "Роғун" 2 миллиард сомонӣ сарф шавад. Ихтисоси 2 миллиард сомонӣ барои тарҳи Роғун бесобиқа аст. Соли ҷорӣ аз будҷаи кишвар барои бунёди Роғун 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, нерӯгоҳи Роғун бо иқтидори 3600 мегаватт, дар саргаҳи рӯдхонаи Вахш дар сурати такмили сохтмонаш метавонад, солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад, ки ҳам барои Тоҷикистон кофист ва ҳам метавонад ба Афғонистону Покистон содир шавад. Аммо аз замони шурӯи корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ дар чанд соли пеш, кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ бахусус Узбакистон сарсахтона ба бунёди он муқовимат кардаанд.

Ин кишварҳо мегӯянд, дар сурати бунёди Роғун, ки маҷрои об аз рӯдхонаҳои Тоҷикистон, ки то ба Узбакистону Қазоқистону Туркманистон мерасанд, камтар шуда ва боиси камобӣ дар он кишварҳо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон мегӯяд, ин иддаоҳо асосе надоранд, зеро об дар садди Роғун ба тадриҷ ва дар муддати бештар аз як даҳсола ҷамъ карда мешавад.

XS
SM
MD
LG