Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азим Иброҳим барои баҳси марз ба Бишкек рафтааст


Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Рӯзи 19 ноябр дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон ҷаласаи навбатии кумиссиюни байнидавлатии таъйин ва аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон доир мешавад. Раҳбари ҳайъати Тоҷикистон муовини сарвазир Азим Иброҳим ба манзури ширкат дар ин ҷаласа рӯзи 18 ноябр ба Бишкек парвоз кардааст. Ҷониби Қирғизистонро дар музокираҳо муовини якуми сарвазираш Аалӣ Қарашев раҳбарӣ мекунад. Баҳси таъйин ва аломатгузории 970 километр марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон аз замони суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 идома дорад. Ду ҷониб то имрӯз танҳо чизе бештар аз 500 километр марзи байни ин ду кишвари Осиёи Марказиро пурра мушаххас кардаанд. Беш аз 400 километри боқимонда ҳамчунин мавриди баҳси тарафайн боқӣ мемонад.

XS
SM
MD
LG