Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти гумонбари дувум дар куштор ва захмӣ кардани чаҳор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар дод.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 18 ноябр аз боздошти гумонбари дувум дар қатлу захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт хабар дод. Вазорат аз ин нафар Раҳматов Шариф Куканович, соли таваллудаш 1995, зодаи шаҳри Кӯлоб, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва бекор ном бурд. Ба қавли мақомоти корҳои дохилӣ, боздошти Шариф Раҳматов дар пайи амалиёти ҷустуҷӯӣ-фаврии 17 ноябр имконпазир шудааст.

Охирҳои ҳафтаи гузашта ниҳодҳои интизомӣ аз боздошти нахустин фарди гумонбар дар қатлу захмӣ кардани чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино хабар дода ва гуфта буданд, ки ин нафар Умедҷони Амрохон, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб мебошад. Дар иттилоияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта шуда буд,

Умедҷони Амрохон

Умедҷони Амрохон

"Умедҷони Амрохон, соли таваллудаш 1994, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки айни ҳол дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар шаҳри Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад."

Аммо он замон исми шарики дуюми гумонбар дар қатли кормандони комиссариати низомӣ ва далели даст задани онҳо ба ин ҷиноят гуфта нашуда буд. Танҳо таъкид шуд, "сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян карда мешавад. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад."

Субҳи 7 ноябр дар кӯчаи Деҳотии шаҳри Душанбе чанд нафар бо кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев, майор Пӯлод Мирзоев, прапоршик Ҳамза Насибов ва ронандаи ҳамин комиссариат Рустам Саъдуллоев вориди муноқиша шуда, онҳоро бо корд маҷрӯҳ карданд ва аз маҳалли ҳодиса фирор карданд.

Пӯлод Мирзоев ва Ҳамза Насибов бар асари захмҳои бардоштаашон ҷон доданд ва Темурхон Эгамбердиев ва Рустам Саъдуллоев бо захмҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба дунболи ин ҳодиса рӯзи 9 ноябр барои пайдо кардани ҳамлагарон аз мардум ёрӣ хост ва барои маълумоте, ки қотил ё қотилонро фош мекунад, 10 ҳазор доллар ҷоиза эълон кард.

То ҳол сабаби муноқиша миёни кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рӯшан нест. Вале Умедҷони Амрохон, гумонбари аслӣ дар қатлу захмӣ кардани кормандони комиссариати ҳарбӣ, дар як навори Вазорати корҳои дохилӣ ба гуноҳаш иқрор карда, мегӯяд, ин ҳодиса ҳангоми ба кор рафтанаш ва баъд аз "саломуалейк"-и ба қавли ӯ одамони ношинос сурат гирифтааст.

Қаблан чунин ҳадсу гумонҳое низ буданд, ки эҳтимол ин муноқиша бар пояи даъвати ҷавонон ба артиш ва ҷалби иҷбории ҷавонон ё “облава” барои хидмат дар артиши Тоҷикистон сурат гирифтааст. Аммо масъулони Вазорати дифои Тоҷикистон билофосила ҳадсу гумонҳоро дар ин бора рад карданд ва Фаридун Маҳмадалиев -- сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, "комиссариати ноҳияи Сино дар пойтахт аз аввалинҳо шуда рӯзи 2 ноябр нақшаи даъват ба артишро иҷро карда буд".

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG