Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боризонӣ хостори таҳкими ҷанг бо ДИИШ шуд


масрур Боризонӣ
масрур Боризонӣ

Раиси Хадамоти кашф ва амнияти вилояти мухтори Курдистони Ироқ изҳори умедворӣ кард, ки ҳамлаҳои терористӣ дар Порис кишварҳои ғарбиро барои таҳкими мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” (ДИИШ) водор месозанд.

Масрур Боризонӣ, рӯзи 18 ноябр ба Би-Би-Си гуфт, ки гурӯҳи “Давдати исломӣ”, бо вуҷуди нокомиҳои ахир, чандон заъиф нашудааст. Агар баъд аз ҳамлаҳои Порис ҳама кишварҳои ғарбӣ ба набард алайҳи ин ситезаҷӯён бархезанд, имкон дорад, ки гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар чанд моҳ пурра торумор шавад, афзуд Масрур Боризонӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ситезаҷӯён метавонанд баъзе аз мавқеъҳои худро аз даст диҳанд ва аммо барои террор аз методҳои гуногун истифода мебаранд. Ва агар тавассути фишор пеши раҳи онҳо гирифта нашавад, ҳамлаҳои бештарро анҷом медиҳанд, ҳушдор дод Масрур Боризонӣ.

XS
SM
MD
LG