Пайвандҳои дастрасӣ

Полиси зиддитеррори Фаронса дар як манзил дар Сен-Дени, шаҳраки канори шимолии Порис амалиёти зидди омилони ҳамлаҳои террористии ҳафтаи гузаштаро баргузор кард. Аз субҳи рӯзи чоршанбе, 18 ноябр, дар Сен-Дени садои таркишу тирандозӣ ба гӯш мерасид. Манбаъҳо дар полис мегӯянд, ки ҳадафи амалиёт Абдулҳамид Абеуд, созмондиҳандаи пуштипардагии ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳри Порис буд.

Бар пояи хабарҳои ахир, ду нафар гумонбарон ба ҳалокат расиданд, яке аз онҳо – зани маргталаб камарбанди худро тарконд. Полис панҷ гумонбари терроризмро дастгир кард. Дар амалиёт се афсари полис ҷароҳат бардоштааст.

Масъулияти ҳамлаҳои рӯзи 13 ноябр ба пойтахти Фаронсаро, ки сабаби ҳалокати 129 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 350 кас шуданд, гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Яке аз ҳамлаҳо дар Сен-Дени, давр канори стадиони Стад-де-Франс анҷом шуда буд.

Ба гуфтаи мақомот, дар ҳамлаҳо дасти кам 8 нафар ширкат доштанд ва шаш нафарашон камарбандҳои худро таркониданд. Дар навори видеоӣ боз шахсеро метавон дид, ки шояд ҳамлагари нӯҳум бошад, мегӯянд мақомоти полиси Фаронса.

XS
SM
MD
LG