Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Австралия бар Бангладеш ва Қирғизистон бар Урдун


Акс аз ҷараёни бозии дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистон ва Урдун
Акс аз ҷараёни бозии дастаҳои мунтахаби футболи Қирғизистон ва Урдун

​​Шаби сешанбеи 17 ноябр бозиҳои даври ҳаштуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” баргузор шуданд.

Бозиҳои даври ҳаштуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 оид ба футбол дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”шаби сешанбеи 17 ноябр хотима ёфтанд.

Мунтахаби Австралия дар меҳмонӣ тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод. Се голро Тим Каҳил дар дақиқаҳои 6, 32 ва 37 ба ҳадаф расонд. Як голи дигари австралиягиҳоро Майл Ҷединак дар дақиқаи 43-юм вориди дарвозаи мизбонон кард.

Дар бозии дигари даври ҳаштуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” мунтахаби Қирғизистон дар майдони худ бар тими миллии Урдунбо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Антон Землянухин дар дақиқаи 48-ум ба самар расонд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври ҳаштум озод буд.

Ба ин тартиб, баъди натиҷагирии даври ҳаштуми мусобиқа дар ҷадвали гурӯҳи «В» мунтахаби Австралия, қаҳрамони феълии Осиё, бо 15 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Урдун бо 13 имтиёз дар ҷойи дувум мебошад. Мунтахаби Қирғизистон бо 11 имтиёз дар ҷойи севум қарор дорад. Мунтахаби Тоҷикистон бо 5 имтиёз дар ҷойи чаҳорум аст. Мунтахаби Бангладеш бо як имтиёз дар зинаи охирин – панҷум – ҷойгир шудааст.

Мунтахаби Австралия новобаста аз натоиҷи ду бозии охиринаш дар майдони худ бо дастаҳои Тоҷикистону Урдун пешакӣ ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Барои роҳхати дувум аз гурӯҳи “В” мунтахаби Урдун муддаии аслист. Ба футболбозони Урдун дар ду бозии боқимонда дар майдони худ бо Бангладеш ва дар меҳмонӣ бо Австралия як пирӯзӣ ба даст оврдан кофист.

Ду бозии охиринро мунтахаби Тоҷикистон соли оянда бо тими миллии Австралия 24 март дар меҳмонӣ ва бо дастаи Қирғизистон 29 март дар Душанбе анҷом медиҳад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “В”:

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

Австралия

6

5

0

1

17-3

15

2.

Урдун

6

4

1

1

12-2

13

3.

Қирғизистон

7

3

2

2

9-8

11

4.

Тоҷикистон

6

1

2

3

9-12

5

5.

Бангладеш

7

0

1

6

2-24

1

ҶҶ-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи дувум:

Гурӯҳи «В»

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия - Тоҷикистон

Урдун — Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

Тоҷикистон - Қирғизистон

Австралия — Урдун

XS
SM
MD
LG