Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари аз масир берун шудани қатори мусофирбар дар як минтақаи кӯҳистони ҷанубу ғарби Покистон рӯзи 17 ноябр дасти кам 12 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 70 каси дигар маҷрӯҳ шуданд.

Ба иттилои вазири умури дохилии вилояти Балуҷистон Сарфароз Бугтӣ, фоҷиа дар минтақаи дурдасти Болан баъди он ба вуқӯъ пайваст, ки тормозҳои қатор аз кор монданд.

Дар қатора, ки аз шаҳри Квейта, маркази Балуҷистон, сӯи шаҳри Равалпиндӣ ҳаракат мекард, тақрибан 300 мусофир нишаста буд. Мусофирони вазъашон вахим тавассути чархболҳои низомӣ ба бемористон интиқол дода шуданд.

Дар Покистон садамаҳои қаторҳо зиёд рӯй медиҳад, зеро бар асари фасод, раҳбарии номуносиб ва нарасидани маблағ қаторҳову роҳҳо сари вақт таъмир намешаванд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG