Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансур Ҳамидов муовини раиси TeliaSonera шуд


Мансур Ҳамидов, шаҳрванди Тоҷикистон ва мудири пешини ширкати мобилии Tcell дар кишвар, муовини президенти ширкати TeliaSonera дар минтақаи АвруОсиё таъин шудааст. Масъулони ширкати TeliaSonera мегӯянд, Ҳамидов масъулияти раҳбарии ширкатҳои гуруҳи Fintur-ро ба ӯҳда дорад, ки шомили Azercell, Geocell, Kcell ва Moldcell мебошад. Мансур Ҳамидов аз соли 2011 то нимаи соли ҷорӣ ба ҳайси мудири кулли ширкати мобилии Tcell кор кардааст. Вай пештар аз ин, аз моҳи январи соли 2010 то моҳи майи 2011, мудири бахши тиҷоратии ширкати Ncell, як бахши TeliaSonera, дар Непал буд. Мансур Ҳамидов фориғуттаҳсили бахши иқтисоди байнулмилалии Донипшгоҳи давлатии Хуҷанд буда, дар донишгоҳи Небраска таҷриба андӯхтааст.

XS
SM
MD
LG