Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абд Раббу Мансур Ҳодӣ ба Яман баргашт


Абд Раббу Мансур Ҳодӣ
Абд Раббу Мансур Ҳодӣ

Абд Раббу Мансур Ҳодӣ, раисиҷумҳури Яман, ки ба Арабистони Саъудӣ фирор карда буд, ва ватан баргашт. Нашрияҳои давлатӣ рӯзи сешанбе, 17 ноябр хабар доданд, ки раисиҷумҳур ҳоло дар Адан аст ва аз он ҷо ба амалиёти озодкунии вилояти Таиз аз дасти ошӯбгарони ҳӯсӣ раҳбарӣ мекунад.

Абд Раббу Мансур Ҳодӣ моҳи марти соли равон, дар пайи ҳамлаи густурдаи шибҳанизомиёни шиамазҳаби ҳӯсӣ ба пойтахт ва дигар шаҳрҳои Яман, ба Арабистони Саъудӣ фирор кард. Ба думболи ин Арабистони Саъудӣ ва ҳампаймонҳояш дар Халиҷи Форс ба бомборони мавқеъҳои ҳӯсиҳо дар Яман шурӯъ намуданд.

Моҳи июл нерӯҳои ҳукуматӣ якҷоя бо низомиёни Эътилофи таҳфти фармони Арабистони Саъудӣ ҳӯсиҳо ва нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури пешин Алӣ Абдулло Солеҳро аз шаҳри Адан берун карданд. Мақомоти Яман Эронро дар пуштибонӣ аз ҳӯсиҳои шиамазҳаб айбдор мехонанд. Теҳрон ин иттиҳомро рад мекунад.

Ба иттилои СММ, бар асари низоъ дар Яман то имрӯз беш аз чаҳор ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, беш аз нисфи қурбониён – сокинони осоиштаанд. Тақрибан якуним миллион яманиҳои дигар бехонумон ва овора шуданд.

XS
SM
MD
LG