Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Бортников дар мулоқот бо раисиҷумҳур Владимир Путин рӯзи 17 ноябр хабар дод, ки ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа" бар асари ҳамлаи террористӣ суқут кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳавопаймо маводи таркандаи баробар ба я кило тротил мунфаҷир шудааст. Дар пораҳои Airbus A-321 нишонаҳое аз маводи таркандаи хориҷӣ ошкор гардид, афзуд Александр Бортников.

Владимир Путин изҳор намуд, ки Русия дар посух ба суқути ҳавопаймо зарбаҳои ҳавоӣ болои гурӯҳҳҳои террористиро дар Сурия афзоиш хоҳад дод.

Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа" бо 224 мусофиру сарнишин, ки рӯзи 31 октябр сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд. Сабабҳои суқути ҳавопаймо то ҳол эълон нашудаанд. Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд.

Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи «Давлати исломӣ» бар ӯҳда гирифт ва эълом дошт, ки ин ҳамла интиқом барои амалиёти низомии Русия дар Сурия аст. Дирӯз Ҷон Бреннан, раиси Идораи Маркази кашфи ИМА ҳам гуфта буд, ки дар ҳамлаҳои Порис ва дар суқути ҳавопаймои русӣ дар Миср "нақши дасти ситезаҷӯёни "Давлати исломӣ" хуб намудор аст".

XS
SM
MD
LG