Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори CIA аз ҳамлаҳои нави террористӣ


Ҷон Бреннан
Ҷон Бреннан

Ҷон Бреннан, раиси CIA – Идораи марказии кашфи ИМА ҳушдор дод, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ», масъули ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр дар Порис, шояд дар дигар нуқоти олам низ ҳамин гуна ҳамлаҳоро таҳия кунанд. Бар асари ҳамлаҳо террористӣ дар пойтахти Фаронса 129 нафар ҷон бохтанд.

Ҷон Бреннан дар як конфаронси амниятӣ дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байнулмилалии Вошингтон рӯзи 16 ноябр гуфт, ҳарчанд доир кардани амалиётҳо ногузир ба чашм мерасад, муваффақ шудани ситезаҷӯён гумон аст. Ба гуфтаи Бреннан, ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳо душвор хоҳад шуд, зеро хадамоти кашф ва амниятии Аврупо ба пайгирии садҳо ифроотгарое машғуланд, ки аз Сурияву Ироқ ба ватан баргаштаанд.

Аз ин пеш, ба иттилои хабаргузории Associated Press, гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар як навори видеоӣ таҳдид кард, ки дар Вошингтон низ ҳамлаҳое чун дар Порисро анҷом хоҳад дод. Дар як навори 12-дақиқагӣ яке аз ифротгароҳо мегӯяд, ки мусалмонҳо бояд дар посух ба зарбаҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА ба мавқеъҳои “Давдати исломӣ” дар Ироқ бояд ба Ғарб зарба зананд.

Дар ҳоле, ки хадамоти кашфи амрикоиву аврупоӣ аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” анҷом шудани ҳамлаҳо дар Порисро тасдиқ накардаанд, Ҷон Бреннан мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо ва дар суқути ҳавопаймои русӣ дар Миср "нақши дасти ситезаҷӯён хуб намудор аст". Ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа" бо 224 мусофиру сарнишин, ки рӯзи 31 октябр сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синой ба замин сарозер шуд.

Сабабҳои суқути ҳавопаймо то ҳол эълон нашудаанд. Қаблан муфаттишон фарзияеро пешниҳод карданд, ки дар дохили ҳавопаймо бомб таркидааст ва аз ин рӯ Airbus A-321 дар фазо пора-пора шуд. Масъулияти суқути ҳавопайморо гурӯҳи "Давдғлати исломӣ" бар ӯҳда гирифта буд.

XS
SM
MD
LG