Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти 23 нафар дар Фаронса


Мақомоти Фаронса мегӯянд, дар идомаи таҳқиқоти ҳамлаҳои маргбори террористӣ дар шаҳри Порис 168 маҳаллро дар саросари кишвар тафтиш карданд. Бернанд Казенув, вазири умури дохилии Фаронса, рӯзи 16-уми ноябр гуфт, зимни амалиётҳо 23 нафарро дастгир карданд ва бештар аз 100 нафари дигарро ба ҳабси хонагӣ гирифтанд. Дар Фаронса ҷустӯҷуи шарикони онҳое идома дорад, ки ҳамлаҳои хунин ба майдони варзишӣ, толори консертӣ ва бару ресторанҳо дар шаҳри Порисро анҷом доданд. Дар бомбгузориву ҳамлаҳо 132 нафар кушта шуданд. Ҳашт ҳамлавар низ кушта шуданд ва бисёре аз онҳо камарбандҳои таркандаашонро ба ҳаракат даровардаанд. Додситонҳои Фаронса мегӯянд, ҳуввияти ду ҳамлавари дигарро мушаххас карданд, ки якеашон дар гузашта ба терроризм муттаҳам шудааст. Мануэл Валс, нахуствазири Фаронса гуфт, ки ҳамлаҳои террористиро дар Сурия тарҳрезӣ ва ташкил кардаанд. Ва дигар ин ки ҳавопаймоҳои Фаронса ба мавзеъҳои ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣо дар шаҳри Раққаи зарба зада ва анборҳои аслиҳа ва як тамрингоҳашонро нобуд кардаанд.

XS
SM
MD
LG