Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоҳзода Ҳусайн Оғохон дар Тоҷикистон


Шоҳзода Ҳусайн Оғохон -- писари Оғохони чор, пешвои исмоилиёни ҷаҳон, 15 ноябр ба Тоҷикистон омадааст ва ин сафараш се рӯз идома мекунад. Бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки Шоҳзода Ҳусайн дар ҷараёни ин сафараш дар ҳамоише бахшида ба ташкили оҷонсии нави Бунёди Оғохон дар умури ҳифзи муҳити зист иштирок хоҳад кард. Оҷонсии нави Оғохон бештар ба масоили муҳити зист дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон тамаркуз мекунад. Шоҳзода Ҳусайн Оғохон моҳи июли соли 2012 низ бо як сафар ба Душанбе омада буд.

XS
SM
MD
LG