Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон


Имрӯз бо баргузории мизи гирде дар шаҳри Хуҷанд дар Тоҷикистон Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ шурӯъ гардид.

Дар баёнияи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 16 ноябр мунташир шуд, ҳадафи ин тадбир “амалӣ намудани ғояҳои нав барои рушди иқтисод ва беҳбуди шароити зиндагии мардум” унвон шудааст.

Дар назар аст, рӯзи 18 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистонҳамоиши байналмилалӣ барои соҳибкорон бо номи “Соҳибкорӣ-нигоҳи навоварӣ ба рушди иқтисод” баргузор шавад.

Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар ҳамоиш Давлаталии Саид, муовини нахуствазири Тоҷикистон, Леслӣ Хэйден, сарпарасти Сафорати Амрико, Ҳю Филлот, сафири Британия, Ванесса Берӣ, мушовири калони Вазорати хориҷаи ИМА дар умури соҳибкорони ҷавон, Алекс Лонг, менеҷери минтақавии ширкати “ Google” дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором ва Карин Шипман, раиси кулли ширкати “EGI Development” ширкат хоҳанд кард.

Ҳафтаи ҷаҳонии соҳибкорӣ бо баргузории форуми байналмилалии занҳова намоиши маҳсулоти кишоварию ҳунарҳои мардумӣ Дар Маркази Исмоилия дар шаҳри Душанбе поён хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG