Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ фаъолияти 7 ширкатро қатъ кард


Бонки миллии Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон

Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 13 ноябр фаъолияти 7 ташкилоти хурди қарздиҳиро қатъ кардааст. Сомгнаи расмии Бонки миллӣ рӯзи 16 ноябр хабар дод, ки фаъолияти ҶДММ ТҚХ “Хубҷамъ”, ҶДММ ТҚХ “Хазинаи Сомониён”, ҶДММ ТҚХ “Саодат сармоя”, ҶДММ ТҚХ “Кайёниён”, ҶДММ ТҚХ “Дӯстком”, ҶСП ТАҚХ “Дафтари молиявӣ” ва ҶСП ТҚХ “Барҳақ” ба далели дасткӯтоҳии онҳо дар амри таъмини ҳадди ақалли сармояи воқеӣ ва бо дархости худи ин ҷамъиятҳои хурди молиявӣ ҷиҳати “барҳамдиҳии ихтиёрӣ” қатъ карда шуд.

Бонки миллӣ мегӯяд, дар солҳои охир саҳми ин 7 ширкат дар бозори бонкии Тоҷикистон хеле ночиз буд, зеро“сатҳи миёнаравии молиявии ташкилотҳои зикршуда тайи чанд соли охир дар бозори молиявии ҷумҳурӣ коҳиш ёфта буд.”

Дар ҳоли ҳозир, дар низомии бонкии Тоҷикистон 17 бонк ва 43 ташкилоти хурди қарздиҳӣ фаъолият доранд.

XS
SM
MD
LG