Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуфтӯгуи Обама ва Путин дар Туркия


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Гурӯҳи 20 як мулоқоти ғайрирасмӣ анҷом доданд. Ба гуфтаи Кохи Сафед, дар вохӯрии 35 дақиқаӣ асосан роҳҳои хотима додан ба ҷанги шаҳрвандии Сурияро баррасӣ карда ва ба мувофиқа расидаанд, ки тағйироти сиёсӣ дар ин кишвар бояд ба раҳбарии мардуми Сурия сурат бигирад. Владимир Путин ва Барак Обама, дар бораи муноқиша дар Украина низ гуфтӯгу кардаанд ва Обама ба ҳамтои русаш дар робита ба фалокати ҳавопаймои мусофирбари Русия дар нимҷазираи Синаӣ изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Париж, ки 129 кушта бар ҷой гузошт, яке аз мавзӯъҳои аслии нишасти сарони Гурӯҳи 20 дар Туркия буд.

XS
SM
MD
LG