Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ бандии Гуантанаморо ба Иморот фиристоданд


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, 5 бандии боздоштгоҳи Гуантанаморо ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ фиристодааст. Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида рӯзи 15-уми ноябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, “аз ҳукумати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои кӯмакаш ба талошҳои Амрико барои бастани боздоштгоҳи Гуантанамо сипосгузор аст.” Афроди интиқолшуда ба иморот Алӣ Аҳмад Муҳаммад ал-Розиҳӣ, Холид Абдуҷаббор Муҳаммад Усмон ал Қадасӣ, Одил Салим Саид ал-Асанӣ, Сулаймон Авод бин Уқайл ал-Наҳдӣ ва Фаҳмӣ Салим Саид ал-Асанӣ будаанд. Амрико мехоҳад дар ояндаи наздик зиндони Гуантанаморо бубандад ва акнун дар инҷо 107 зиндонии дигар аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ мондаанд.

XS
SM
MD
LG