Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зарбаҳои ҳавоии Фаронса ба гурӯҳи Давлати исломӣ


Фаронса бо оғози бомборони мавзеъҳои гурӯҳи Давлати исломӣ дар шаҳри Раққаи Сурия, ҳамзамон ба ҷустӯҷуи афроде идома дод, ки гумон меравад, дар ташкили ҳамлаҳои террористӣ дар Париж кӯмак кардаанд. Вазорати дифои Фаронса рӯзи 15-уми ноябр гуфт, ҳавопаймоҳои Фаронса дар шаҳри Раққа, яке аз такягоҳҳои аслии ҷангҷӯёни гурӯҳи Давлати исломӣ 20 бомб андохта, анбори аслиҳа ва як тамрингоҳашонро нобуд карданд. Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса рӯзи 15-уми ноябр дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои Гурӯҳи 20 дар Туркия гуфт, Фаронса барои муҳофизати худаш амал кардааст. Ӯ афзуд, “Мо ҳамлаҳои ДОИШ-ро бепосух намегузорем.” Созмони нозири ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Лондон қароргоҳ дорад, мегӯяд, дар бораи талафоте гузориш нагирифтааст. Пеш аз зарбаҳои Фаронса ба гурӯҳи Давлати исломӣ дар ҳамлаҳои террористӣ дар Париж пойтахти он кишвар 132 нафар кушта ва 350 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG