Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби футзали Тоҷикистон боТуркманистон


Бозии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии футзали Туркманистон бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт.

Бозии дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо тими миллии футзали Туркманистон бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар даври дуввуми сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ, дар гурӯҳи “А”, бозиро бо тими миллии футзали Туркманистон бо ҳисоби мусовии 3:3анҷом дод. Ин бозӣ 15 ноябр дар маҷмааи варзишии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дар бозии дигари даври дуюм дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон ва Афғонистон бо ҳам рақобат карданд. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 2-2 поён ёфт.

Ба ин тартиб, дар ҷадвали гурӯҳи “А” мунтахаби Тоҷикистон бо чаҳор имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Туркманистону Қирғизистон бо ду имтиёзӣ дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд. Тими Афғонистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври сеюми мусобиқа рӯзи душанбеи 16 ноябр байни дастаҳои мунтахаби Афғонистону Туркманистон соати 11:00 ва Тоҷикистону Қирғизистон соати 14:00 шурӯъ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дар марҳилаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2016 дар минтақаи Марказӣ дар Хуҷанд чаҳор дастаи мунтахаб –Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон– ширкат доранд. Аз ин минтақа ду дастаи беҳтарин ба қисми ниҳоии мусобиқаи қитъавӣ, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Узбакистон – Тошканд – барпо мегардад, роҳ меёбанд.

Ҳусейн Шодиев, сармураббии мунтахаби футзали Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо аз он хушҳолем, ки сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё дар минтақаи Марказӣ дар кишвари мо доир шудааст. Ин рӯйдоди таърихист. Кишвари мо барои аввалин бор мизбони чунин мусобиқаи пурнуфуз – сабқати интихобии чемпионати Осиё оид ба футзал гардидааст . Фикр мекунам, ки ин мусобиқа барои рушди футзал дар кишварамон мусоидат хоҳад кард. Мо мекӯшем, ки ба даври баъдӣ роҳхат бигирем”.

Бозиҳои сабқати интихобии қаҳрамонии Осиё-2016-ро дар Хуҷанд шаш довари ФИФА ҳакамӣ мекунанд. Инҳо Абдулраҳмон Абдулқодир Абдулраҳмон Абдуллои 44-сола аз Баҳрайн, Жанг Юзеи 42-сола аз Чин, Ҳасан Муҳаммад Мӯсо Ал-Ҷабурӣ ва Ҳавкар Солор Аҳмад (ҳарду 35-сола аз Ироқ), Ҳусейн Маҳмуд Ҳусейн Халайлеҳи 44-сола аз Урдун ва Хамис Ҳасан Ал-Шамсии 34-сола аз Имороти Муттаҳидаи Араб мебошанд.

ЧемпионатиОсиё-2016 оид бафутзал. Сабқати интихобӣ. Минтақаи Марказӣ. Даври 2-юм

Қирғизистон – Афғонистон – 2:2

Голҳо: Мақсадбек Алимов, 14 (1:0). Акбар Козимӣ, 19 (1:1). ЭмилКанетов, 24 (2:1). Акбар Козимӣ, 32 (2:2).

Сардовар: Ҳавкар Аҳмад (Ироқ)

15 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии «Қасри варзиш». 350 тамошобин.

Туркманистон – Тоҷикистон – 3:3

Голҳо: Велсаҳат Авезов, 14 (1:0). Некрӯз Алимаҳмадов, 21 (1:1). Мансур Мамедбобоев, 27 (1:2). Мақсад Султонов, 30 (2:2). Арсен Фармонбеков, 34 (2:3). Қурбонгелдӣ, 40 (3:3).

Сардовар: Ҳусейн Маҳмуд (Урдун)

15 ноябр. Хуҷанд. Маҷмааи варзишии«Қасриварзиш». 1100 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

1

1

0

9-8

4

2

Туркманистон

2

0

2

0

4-4

2

3

Қирғизистон

2

0

2

0

3-3

2

4

Афғонистон

2

0

1

1

7-8

1

Даври 3-юм

16 ноябр (душанбе)

11:00 – Афғонистон – Туркманистон

14:00 – Тоҷикистон– Қирғизистон

XS
SM
MD
LG