Пайвандҳои дастрасӣ

Қатъи муваққатии ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд


Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба эҳтимоли зиёд то охири имрӯз ҳаракат дар масири Душанбе - Хуҷанд аз сар гирифта мешавад.

Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба далели боридани барфи зиёд дар баландкӯҳҳо ҳаракати мошин дар роҳи Душанбе - Хуҷанд муваққатан қатъ шудааст. Як манбаъ аз БДА 16 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан техника ва нерӯи кории ширкати Инноватив Роуд Солюшнз (IRS) барои поксозии роҳи мошингард аз барф фаъолият карда ва мумкин аст, то охири имрӯз ин роҳ дубора барои ҳаракати васоили нақлия боз шавад.

Бозрасии Давлатии Автомобили Тоҷикистон инчунин аз ронандагон хост, ки ба далели хатарнокии роҳ муваққатан аз ҳаракат дар ин масир худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолати фавқуллодаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар зарфи ду рӯзи ахир дар ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоб барфи зиёд борида ва бархе аз қисматҳои роҳи автомобилравро масдуд кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ дар мавриди садама ва талафоти ҷонӣ дар масири Душанбе-Хуҷанд иттилоъ нарасидааст.

Роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ танҳо роҳи заминист, ки маркази Тоҷикистонро бо манотиқи шимоли кишвар пайванд медиҳад. Ҳарчанд дар гарданаи Анзобу Шаҳристон ду нақб бунёд ёфтааст, вале ҳар сол дар фасли зимистон ба иллати боридани барфи зиёд ё фаромадани тарма бархе аз қисматҳои ин роҳ баста шуда, ин амр ба банд мондани садҳо мошини сабукраву борбар ва дар баъзе маворид ба талфоти ҷонӣ мунҷар мешавад.

XS
SM
MD
LG