Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 толиб дар вилояти Нангарҳор


Бар асари зарбаи ҳавопаймои бесарнишин дар ҷануби Афғонистон дасти кам 12 тан аз ситезаҷӯёни "Толибон" кушта шуданд. Намояндаи волии вилояти Нангарҳор гуфт, ки дар ин зарба се толиби афғон ва нӯҳ шаҳрванди хориҷӣ ба ҳалокат расиданд.

Зарбаи ҳавопаймои бесарнишин ба мавзеи Хоқиёнӣ шоми 14 ноябр зада шуд. Ба гуфтаи намояндаи волӣ Аҳмадзай Абдулзай, дар ин зарба волии аз сӯи толибон таъиншудаи вилоят ҳам ҷон бохтааст. Ӯ афзуд, дар ҷараёни амалиёте, ки ду ҳафта боз дар минтақаи Ачин идома дорад, 150 тан аз толибон куштаву захмӣ шудаанд. Дар ин минтақа постгоҳҳо ташкил шуданд, ки бозгашти толибон ба минтақаро номумкин мекунад, гуфт Аҳмадзай Абдулзай.

Дар вилояти Ҳилманд як маргталаб худро дар корвони мошинҳои сарбозони хориҷӣ тарконд. Дар ин ҳодиса як сокини маҳаллӣ кушта ва 12 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Сухангӯи волии Ҳилманд гуфт, ки ҳамлаи маргталаб рӯзи 15 ноябр дар канори зиндони вилоят сурат гирифт. НАТО дар бораи ин ҳодиса ягон тафсилот надодааст.

XS
SM
MD
LG