Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Украина ҳукумати маҳаллиро интихоб карданд


Дар Украина рӯзи якшанбе, 15 ноябр, даври дуввуми интихоботи маҳаллӣ баргузор шуд. Дар 29 шаҳр, аз ҷумла, дар Киев, Виннитса, Днепропетровск, Ивано-Франковск, Лвов, Херсон, Краматорск ва Северодонетск барои мири шаҳр ва вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ раъй доданд.

Дар даври дуввуми интихобот 13 нафар аз тариқи худпешбарӣ, 12 номзад аз Эътилофи раисиҷумҳур Петро Порошенко ва ҳамчунин намояндагони ҳизбҳои "Баткившина", "УКРОП", "Эътилофи мухолифин, "Озодӣ” ва 10 иттиҳодияи сиёсии дигар ширкат доштанд.

Дар саросари Украина беш аз панҷу ним ҳазор қитъаҳои интихоботӣ таъсис шуда буд. Комиссиюни марказии интихоботии Украина гуфт, ки дар бораи қонуншиканиҳо дар раванди раъйдиҳӣ иттилоъ нарасидааст.

Даври аввали интихоботи мақомҳои маҳаллии Украина рӯзи 25 октябр баргузор шуда буд. Натиҷаҳои пешакии раъйдиҳӣ рӯзи душанбе, 16 ноябр эълон мешаванд.

XS
SM
MD
LG