Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳабси пайвандони яке аз ҳамлагарон дар Порис


Полиси Фаронса рӯзи якшанбе, 15 ноябр, чанд тан аз пайвандону ошноҳои яке аз ҳафт нафари дар ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ширкатдоштаро дастгир кард.

France-Presse бо такя ба манбаъҳояш дар сохторҳои интизомӣ навиштааст, ки шаш нафар, аз ҷумла, падар ва бародари шаҳрванди Фаронса Умар Исмоил Мустафоӣ боздошт шудаанд. Шахсияти ӯро аз нуги панҷааш дар толори консертии «Батаклан» пайдо карданд – дар ин толор се маргталаб худро таркониданд ва мунҷар ба ҳалокати 89 нафар шуданд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллӣ, рӯзи якшанбе дар шаҳри Монтрёй, воқеъ дар канори Порис, мошини сиёҳи Seat ошкор шуд, ки онро яке аз гурӯҳҳои террористон, ба гуфтаи шоҳидон, барои тирандозӣ сӯи тарабхона истифода кардаанд. Дар дохили мошин силоҳ ошкор шуд.

Бино ба иттилои ахир, бар асари ҳамлаҳо ба Порис, ки шоми ҷумъа, 13 ноябр аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” сурат гирифтанд, 129 нафар кушта ва беш аз 350 кас маҷрӯҳ шуданд, вазъи 99 нафар аз захмиён вахим арзёбӣ мешавад.

Ба навиштаи France-Presse, бори аввал дар Фаронса маргталабҳо худро инфиҷор карданд. Ягон нафар аз ҳамлагарон аз ин пеш барои фаъолияти террористӣ маҳкум ба додгоҳ нашуда буд, фақат Умар Исмоил Мустафоӣ собиқаи ҷиноӣ дошт.

Тафтиши ҳодиса на фақат дар Фаронса, балки дар дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам идома дорад. Дар Белгия чанд нафари гумонбар дар даст доштан ба ин ҳамлаҳоро дастгир карданд. Дар Олмон ҳам робитаи як нафари боздоштшуда, ки дар мошинаш маводи тарканда ошкор гардид, бо омилони ҳамлаҳои террористӣ дар Порис тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG