Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Ҳамлаи Порис ҳамла ба тамаддуни олам буд


Мулоқоти Обама ва Эрдуғон дар шаҳри Белеки Туркия
Мулоқоти Обама ва Эрдуғон дар шаҳри Белеки Туркия

Ҳамлаҳои террористӣ дар Порис, ки мунҷар ба ҳалокати даҳҳо нафар шуданд, ҳамла ба олами тамаддун шуд. Ин изҳороти Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи якшанбе 15 ноябр дар шаҳри Белеки ҷануби Туркия садо дод, ки он ҷо нишасти сарони 20 кишвари бузурги саноатии олам шурӯъ шуд.

Ин нишаст ду рӯз идома мекунад ва қарор аст дар он масоили умдаи сайёра – мубориза бо терроризм, низоъ дар Сурия, бӯҳрони муҳоҷират ва тағйири иқлим баррасӣ шавад.

Барак Обама дар нишасти хабарии муштарак бо ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон изҳор намуд, ки ИМА ба Фаронса дар тафтиши ҳамлаҳои террористии рӯзи 13 ноябр ва муҷозоти омилони ин ҳамлаҳо кӯмак хоҳад кард.

Ҳаводиси Порис ба барномаи саммити сарони Гурӯҳи 20 тағйирот ворид кард ва бахши аъзами он ба ҳамлаҳое, ки дар онҳо дасти кам 129 нафар ҷон бохтанд, бахшида хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар мулоқоти ғайрирасмии сарони БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ ва Чин), ки дар долонҳои нишасти Гурӯҳи 20 дар Туркия доир гардид, гуфт, аз байн бурдани таҳдиди террор ва кӯмак ба муҳоҷирон фақат дар сурати муттаҳидии ҳама кишварҳои олам мумкин аст.

Қарор аст, ки Путин дар Туркия бо раисиҷумҳури Туркия Эрдуғон, раҳбарони Чин, Олмон, Бритониё ва раиси Сандуқи байнулмилалии пул Кристин Лагард мулоқотҳои алоҳида анҷом диҳад.

Мулоқоти дуҷониба Барак Обама ва Владимир Путин ҳамоҳанг нашудааст, аммо, ба гуфтаи ёвари раисиҷумҳури Русия Юрий Ушаков, шояд онҳо дар долонҳои нишаст бо ҳам гуфтугӯҳое дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG