Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтон: Бо ислом не, бо ифротгароӣ биҷангем


Ҳилларӣ Клинтон ва Бернӣ Сандерс

Ҳилларӣ Клинтон ва Бернӣ Сандерс

Ҳилларӣ Клинтон, довталаби курсии раисиҷумҳури ИМА, ҷомеъаи ҷаҳониро ба муттаҳидӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”, масъули ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Порис, даъват кард.

Се довталаби номзадӣ аз Ҳизби демократ дар интихоботи президентии соли 2016 қабл аз шурӯъи баҳсу мунозираи интихоботӣ рӯзи 14 ноябр дар аёлати Айова як дақиқа ба ба ёди қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ дар Порис сукут карданд. Рақибони хонум Клинтон – сенатори амрикоӣ Бернӣ Сандерс ва волии пешини Мэриленд Мартин О'Мэлли ҳам дар ҳамовозӣ бо ӯ хостори вокуниши шадид ба ҳамлаи ситезаҷӯёни “Давлати исломӣ” ба Порис шуданд, ки дар он 129 нафар ҷон бохтаанд.

Хонум Клинтон гуфт, ки мо дар ҳоли ҷанг бо дини ислом қарор надорем, мо бо ифтротгароии мудҳишу ғайрибашарӣ меҷангем.

Бернӣ Сандерс ва Мартин О'Мэлли аз хонум Клинтон барои он интиқод карданд, ки ибтидо аз амалиёти низомии Амрико дар Ироқ пуштибонӣ карда буд.

Ҳилларӣ Клинтон аз номзадҳои эҳтимолии Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG