Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шахсияти яке аз ҳамлагарон ошкор шуд


Дар Фаронса дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳри Порис шахсияти яке аз ҳафт ҳамлагаран ошкор шуд. Ба иттилои расонаҳи маҳаллӣ, ин ҳамлагар шаҳрванди Фаронса Умар Исмоил Мустафо буд, собиқаи ҷиноӣ доштааст. Шахсияти ӯро аз нуги панҷааш дар толори консертии «Батаклан» пайдо карданд – дар ин толор се маргталаб худро таркониданд.

Бино ба иттилои ахир, бар асари ҳамлаҳо ба Порис, ки шоми ҷумъа, 13 ноябр аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” сурат гирифтанд, 129 нафар кушта ва беш аз 350 кас маҷрӯҳ шуданд, вазъи 99 нафар аз захмиён вахим арзёбӣ мешавад.

Ба навиштаи France-Presse, бори аввал дар Фаронса маргталабҳо худро инфиҷор карданд.Ягон нафар аз ҳамлагарон аз ин пеш барои фаъолияти террористӣ маҳкум ба додгоҳ нашуда буд.

Тафтиши ҳодиса на фақат дар Фаронса, балки дар дигар кишварҳои аврупоӣ ҳам идома дорад. Дар Белгия чанд нафари гумонбар дар даст доштан ба ин ҳамлаҳоро дастгир карданд. Дар Олмон ҳам робитаи як нафари боздоштшуда, ки дар мошинаш маводи тарканда ошкор гардид, бо омилони ҳамлаҳои террористӣ дар Порис тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG