Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози зидди ҳукумати Кореяи Ҷанубӣ дар Сеул


Даҳҳо ҳазор нафар рӯзи 14 ноябр дар намоиши зиддиҳукуматӣ дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ ширкат доштанд. Онҳо алайҳи ислоҳоти меҳнатӣ ва кишоварзии ҳукумат ва нашри китоби дарсии ягонаи таърих шуоӯъ аз соли 2017 эътироз карданд.

Эътирозгарон дар хиёбони марказии Сеул, ки аз ду тарафи он кормандони полис саф ороста буданд, раҳпаймоӣ намуданд. Дар чанд минтақа миёни эътирозгарон ва полис бархӯрд ба вуқӯъ пайваст ва аммо дар бораи осебдидагон иттилое нарасидааст.

Иттиҳодияҳои синфии Кореяи Ҷанубӣ, ки намоишҳоро ташкил кардаанд, аз он норозиянд, ки ҳукумат бо вуруди тағйирот раванди аз кор хориҷ намудани кормандонро сабуктар мекунад. Эътирозгарон аз он ҳам нигаронанд, ки дар китобҳои нави таърих, ки баъд аз тақрибан ду сол барои барномаҳои мактабӣ ҳатмӣ мешаванд, режимҳои диктаторӣ дар Корея сафед карда хоҳанд шуд.

Ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ, намоиши рӯзи шанбе бузургтарин намоиши эътирозӣ дар Сеул аз соли 2008 ба ин сӯ аст.

XS
SM
MD
LG