Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Синҷар гӯри дастаҷамъӣ ошкор шуд


Курдҳо Синҷарро ишғол карданд
Курдҳо Синҷарро ишғол карданд

Дар канори шаҳри Синҷар, воқеъ дар шимоли Ироқ, гӯри дастаҷамъии даҳҳо язидиҳои кушташуда ошкор гардид. Ҳамаи 78 нафар – занҳо синнашон аз 40 то 80-сол аст. Шоҳидон ва мақомоти маҳаллӣ ҳадс мезананд, ки онҳо аз сӯи мусаллаҳони гурӯҳи “Давлати исломӣ” эъдом шудаанд.

Гӯри дастаҷамъӣ баъд аз он ошкор шуд, ки нерӯҳои пешмаргаи курдҳо бо мусоидати ҳавопаймоҳои ҷангии Эътилофи таҳти фармони ИМА шаҳри Синҷарро таҳти назорати худ қарор доданд. Размандагони курд баъди вуруд ба маркази шаҳр рӯзи 13-уми ноябр ба муқовимати каме рӯ бар рӯ ба рӯ шуданд ва дар онҷо парчами худро барафрохтанд ва пирӯзиашонро бо тирандозӣ ба осмон таҷлил карданд.

Рӯзе пештар аз ин дар амалиёти низомӣ аз се ҷабҳа размандагони курд, шоҳроҳеро гирифтанд, ки аз ғарб ба шарқи Синҷар мерасад. Шоҳроҳи мазкур шаҳри Раққаи Сурия, як такягоҳи асосии гурӯҳи Давлати исломиро ба шаҳри Мосули Ироқ мепайвандад ва як роҳи муҳими таъмини ҷангҷӯён буд.

Синҷар моҳи августи соли гузашгта аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишғол шуда буд. Баъд аз забти шаҳр аз сӯи “Давлати исломӣ” даҳҳо ҳазор курдҳои язидӣ Синҷарро тарк намуданд. Онҳое, ки натавонистанд сари вақт фирор кунанд, кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG