Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҳамлаҳои Порис ба музокироти Вена


Ҳамлаҳои террористӣ дар Порис ба музокироти чандҷониба оид ба ҳалли қазияи Сурия таъсир хоҳанд гузошт. Қарор аст, ки музокирот рӯзи шанбе, 14 ноябр, дар Вена, пойтахти Австрия сурат бигиранд. Хабаргузории ТАСС аз қавли сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова изҳор намуд, ки ҳамлаҳо ба рӯзномаи музоикрот тағйирот ворд карда, ба фазои музокирот ва ба раванди музокирот бетаъсир нахоҳад монд.

Хонум Захарова ҳамчунин гуфтааст, ки дар робита ба сабабу ҳадафҳои ҳамлаҳои террористӣ дар Порис набояд бо шитобзадагӣ қазоват кард. Бояд иттилои мушаххасро дар ин бора интизор шуд ва баъдан, ҳатман, хулосаи зарурӣ баровард, гуфтааст ӯ.

Қарор аст, ки дар музокирот дар Вена вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ ширкат кунад. Дар арафаи сафараш ба Аврупо ӯ гуфт, ки дурнамои ин музокирот "ҳадди аққал номуайн" аст.

Дигар дипломатҳо ҳам ба комёб шудани гуфтушунид хушбин нестанд. Вазири умури хориҷии Бритониё Филипп Ҳаммонд рӯзи ҷумъа баъд аз мулоқот бо ҳамтои мисрияш Самеъ Шукрӣ ба хабарнигорон гуфт, ки шояд мушкилтарин мавзӯи музокирот - сарнавишти раисиҷумҳури Сурия Башор Асад бошад.

Рӯзи 30 октябр дар нишасти Вена, ки дар он ба ҷуз Русияву ИМА ҳамчунин кишварҳои аврупоиву Ховари Миёна ва як ҳайати эронӣ ҳам ширкат доштанд,тавофуқ шуда буд, то СММ миёнаравӣ дар музокироти сулҳ байни режими Башор Асад ва мухолифинашро бар ӯҳда бигирад.

Музокирот бояд роҳро ба сӯи таҳияи Қонуни асосии ҷадид ва интихоботи таҳти назорати СММ дар Сурия ҳамвор кунад. Вале ихтилофи назарҳо дар мавриди сарнавишти Асад боқӣ мемонад. Ғарб ва Арабистони Саудӣ мехоҳанд, ӯ тарки мақом кунад. Русия ва Эрон ба ин мухолифанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки аз мухолифини ҳукумати Сурия дар музокироти Вена кадом гурӯҳ намояндагӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG