Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Виталий Мутко, вазири варзиши Русия, гуфт, ки тасмими Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук дар бораи мутаваққиф кардани узвияти Федератсияи варзиши сабуки Русия ва манъи ширкати варзишгарони рус дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ, таваҷҷуҳро ба варзиши сабук коҳиш хоҳад дод. Изҳороти ӯ рӯзи 14 ноябр дар нашрияи варзишии “Р-Спорт” нашр шуд.

Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук дар нишасти оҷилаш дар шаҳри Лозаннаи Швейсария рӯзи 13 ноябр узвияти Русия дар ин ниҳоди варзиширо мутаваққиф кард. Варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии соли 2016 дар Барзилия ширкат нахоҳанд кард.

Дар нишасти хабарии масъулони WADA, Бунёди ҷаҳонии зидди допинг, дар шаҳри Женева рӯзи душанбе гуфта шуд, ки Федератсияи варзиши сабуки Русия кодекси байнулмилалии зидди допингро нақз кардааст. Комиссиюни WADA талаб дорад, ки варзишгарони рус Мария Савинова, барандаи Бозиҳои олимпии соли 2012 ва Екатерина Понстогова, соҳиби медали биринҷии Бозиҳои олимпии Лондон, ки ба истифодаи маводи мамнӯъ иқрор кардаанд, якумрӣ аз ширкат дар қувваозмоиҳои байнулмилалӣ маҳрум карда шаванд.

Ба гуфтаи Дик Пунд, муаллифи гузориши 335-саҳифагӣ ва раиси пешини WADA, тақаллуб дар озмоишгоҳ, ришватситонӣ ва фиребу найранг бо ризояти мақомоти Русия, аз ҷумла, хадамоти амниятии кишвар, сурат гирифтаанд.

Тасмими WADA дар бора номутобиқатии Оҷонси зидди допинги Русия ба Ойинномаи ин ниҳод бояд рӯзи 18 ноябр аз сӯи Шӯрои муассисони WADA тасдиқ шавад.

XS
SM
MD
LG