Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳамлаҳо дар Порисро маҳкум кард


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми тасаллият ба ҳамтои фаронсавии худ Франсуа Олланд, ҳамлаҳои маргбор дар пойтахти он кишвар шаҳри Порисро, ки боиси марги даҳҳо нафар шуд, маҳкум кардааст.

Дар барқияи тасаллият, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14 ноябр ирсол кард, аз ҷумла омадааст, ки "Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки онро бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд. Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем."

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст, ки мардуми Тоҷикистон дар ин ғаму андӯҳи мардуми Фаронса шарик мебошанд.

Шомгоҳи 13 ноябр дар шаш нуқтаи пойтахти Фаронса тирандозӣ ва таркишҳо рӯх дод. Тибқи охирин гузоришҳо, бар асари ин ҳамлаҳо беш аз 150 нафар кушта шуда ва даҳҳо тани дигар захм бардоштаанд. Ҳамлаҳои шоми ҷумъа даҳшатноктарин ҳамлаҳои террористӣ дар таърихи Фаронса мебошанд.

XS
SM
MD
LG